<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><title>Худованди ҷон чӯпони ман аст! Хд220</title>
<lyrics>[V1]
.  D        A
 Худованди ҷон чӯпони ман аст!
.             D       Fism Cis Fism
 Ба ҳар ҷо равам посбони ман аст!
.          Hm          D   E
 Ба чизе надорам дигар эҳтиёҷ,
.  Hm       D            E  A
 Ҳама дардҳоям кунад Ӯ илоҷ.

[V2]
 Бихобонадам дар чаманҳои сабз,
 Садояш шиносам чӣ ширину нағз!
 Ба оби гуворо кунад роҳбарӣ,
 Диҳад ҷону танро ҳаме бартарӣ.

[V3]
 Ба роҳи адолат ҳидоят кунад,
 Муҳаббат ҳаме бениҳоят кунад.
 Чу дар водии сояи зулмот роҳ
 Равам ҳам, бубинам сад афсӯсу оҳ.

[V4]
 Натарсам зи шарре, чу Ту дар барӣ,
 Асоят намояд маро роҳбарӣ!
 Зи рӯи муҳаббат Ту мегустарӣ,
 Ба пеши адӯ баҳри ман суфрае.

[V5]
 Фурӯ рехтӣ равғанат бар сарам,
 Чӣ лабрез гашта ҳаме соғарам!
 Накӯиву раҳмат ба фархундагӣ,
 Ба ман рӯ кунад дар ҳама зиндагӣ.

[V6]
 Ба наздики Яздон яксар равам,
 Абадмуддат он ҷой сокин шавам.
 Худованди ҷон чӯпони ман аст!
 Ба ҳар ҷо равам, посбони ман аст!</lyrics>
<hymn_number>220</hymn_number>
<key>A</key>
</song>